Музоядаи навбатии ККД - 26 сентябри соли 2025
ҶСК "Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ" эълон менамояд, ки санаи 26 сентябри соли 2025 сол музоядаи (аукцион) коғазҳои қиматноки миёнамуҳлати давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар платфомаи савдои электронии Биржа баргузор мегардад.
Шартҳои барориш:
- мӯҳлати гардиш - 24 моҳ;
- ҳаҷми барориш - 50’000’000 сомонӣ;
- даромаднокии купонӣ - 10% солона;
- давраи пардохти купон – ҳар 6 моҳ;
- санаи пардохт – 26 сентябри 2027 сол.
Хоҳишмандон, метавонанд дархостҳои пешакии худро тарики QR-код ба Биржа пешниҳод намоянд.