Тоҷикистон бузургтарин содиротгари пиёз ба Қазоқистон аст

Тоҷикистон бузургтарин содиротгари пиёз ба Қазоқистон аст

© Акси тасвирӣ


Тоҷикистон бузургтарин содиротгари пиёз ба Қазоқистон аст



Лекин содироти пиёз ба Россия тайи соли охир ҳамагӣ 259 тоннаро ташкил дод.

Тӯли 9 моҳи соли равон Тоҷикистон ба Қазоқистон 75 ҳазор тонна пиёз содирот намуд. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, давоми 11 моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон 512 ҳазору 644 тонна ҳосили пиёз ба даст оварда шудааст. Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки миқдори зиёдатии он ба кишварҳои аврупоӣ содирот шавад.

Аз лиҳози содироти пиёз ба бозори Қазоқистон Тоҷикистон аз Ӯзбекистон пеш гузашта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 интиқоли пиёзро ба ин кишвар расо якуним баробар афзуд, менависад нашрияи East Fruit.

Ҳамагӣ дар ин давра ба Қазоқистон 146,8 ҳазор тонна пиёз ворид шудааст, ки аз нисфи зиёди онро маҳсулоти Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон наздики 99%-и воридоти пиёз ба бозори Қазоқистонро дар соли 2018 таъмин карданд.

Бино ба арзёбии таҳлилгарони EastFruit нархи пиёз дар Полша то 0,37 доллар барои як кило боло рафта, бо назардошти ин нарх содироти он аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле ҷолиб мегардад.

Айни замон соҳибкорони Украина аллакай фаъолона ба харидории пиёз аз Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, то ки онро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо интиқол диҳанд, зеро дар дигар кишварҳои Иттиҳод нархҳо нисбат ба Полша болотаранд.

Ба гуфтаи коршиносони EastFruit, давлатҳои Осиёи Марказӣ дар содироти пиёз ба кишварҳои Иттиҳолди Аврупо таҷриба надошта, аз интиқоли мушкил ва тӯлонӣ ҳарос доранд, ки вақташ беш аз се ҳафтаро ташкил медиҳад. Содирот тариқи нақлиёти автомобилӣ чун пешина хеле гарон меафтад.


Сарчашма: Гузаштан


Возврат к списку

'bitrix:news.list__' is not a component

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.6539 -0.0019
EUR 11.1972 -0.131
RUB 0.1066 -0.0013
CNY 1.4705 -0.0074
Манбаъ: nbt.tj.