Комиссия оид ба ҳалли баҳс ва ихтилофот бо мақсади ҳалли 
    баҳсҳо ва ихтилофоте, ки вобаста ба иҷро накардан ё иҷрои 
    номувофиқи ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзоёни Биржа ва 
    истифодабарандагони Системаи тасдиқкунонӣ (мудирони 
    ҳисобҳои савдо) тибқи ҳуҷҷатҳои дохилии Биржа дар ҷараёни 
    анҷом додани амалиётҳо аз ҷониби онҳо бо воситаҳои молиявӣ ба
    вуҷуд меоянд, таъсис дода мешавад.

    Салоҳияти асосии Комиссия ин баррасӣ ва ҳалли баҳс ва ихтилофҳо 
    байни иштирокчиёни аҳдҳо ё байни иштирокчии аҳд ва Биржа 
    мебошад, ки бо роҳи гуфтушунид ва (ё) мукотибот ба танзим 
    дароварда нашудааст ва дар натиҷаи аз ҷониби иштирокчиёни аҳд 
    иҷро нагардидан ё ба таври номувофиқ иҷро гардидани 
    ӯҳдадориҳояшон тибқи ҳуҷҷатҳои дохилии Биржа дар рафти аз 
    ҷониби онҳо амалӣ гардидани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва 
    воситаҳои молиявӣ дар бозори асъор, бозори коғазҳои қиматнок ва
    воситаҳои молиявии бармеомада ба амал омадаанд.



                             

                           Асламшоев Хуҷаназар
                                          Раиси комисия 









         





   
   
 










Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9577 0.002
EUR 11.8354 0.0241
RUB 0.1185 -0.0001
CNY 1.5230 0.001
Манбаъ: nbt.tj.